абуабдулло рудаки биография на таджикском языке
РУДАКИ Абуабдуллох Чаъфар ибни Мухаммад
27.04.2019 Маданият ва санъат Comments Off on РУДАКИ Абуабдуллох Чаъфар ибни Мухаммад 2,035 Показы
РУДАКИ Абуабдуллох Чаъфар ибни Мухаммад (858, Дехаи Рудак, хозира Панчруди pайони Панчакент —941, хамон чо), шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-точик. Бачагиаш дар дехаи хурди номашхури канори силсилаи куххои Зарафшон гузаштааст. Дар ин чо у аз халк суруду мусики меомухт, аз манзарахои рангини табиат ва рузгори мардуми мехнатдусти кухистон илхом мегирифт. Ба суруду наво аз кудаки шавки бехад дошт. Овози дилкаш ва хунари мусикидонии у ба яке аз навозандагони мохир, ки Базтиёр ном дошт, хеле хуш омад. Ба ривояте пас аз чандин сол Бахтиёри муйсафед чангашро ба Рудаки бахшидааст, то дар дехоти кухистон гашта, дилу рухи мардумро бо таронаву навохо шод намоид. Рудакии чавон хамчун чанги овоза кард, аммо ташнаи дониш буд ва ба даргохи илму маърифат у ба мадрасахои Самарканд ру овард. Пас аз солхои зиёде овозаи сарояндагиву павозандагии. Рудаки ва дониши фаровони у ба гуши сарварони мамлакат расид ва у ба пойтахти Сомониён шахри Бухоро даъват шуд. Рудаки дар андак муддат
шоири бузурги дарбор гардид, овозаи у cap то сари мамлакат пахн шуд, вале у зодгохаш — дехаи хурдакаки Рудакро, ки даврони бачагиаш он чо гузашта, аввалин шодмонихои шоири халк буданро он чо
хис карда буд, фаромуш накард, номи онро барои худ тахаллус гирифт Рудаки дар даргохи Сомониён шухрат ва сарвати фаровоне ёфт, вале ин хама хушбахтии яклахзаина ва фиребанда буд. Уро мачбур карданд, ки дар ситоиши шукухи дарбор, салтанати шох ва дуругу фиреби дарбориён шеър гуяд, ки ин барои чунин як шоири сохибистеъдод фочиаибузурге буд. Мувофики ривояти солноманависони дарбор шоир дар охири умр аз давлатдорон беилтифоти дида, дар холати пириву нотавони аз дарбор ронда мешавад ва ба ривояте мил ба чашмонаш кашида, кураш кардаанд; ба ривояти дигар Рудаки гуё кури модаразд будааст. Антрополог М. М. Герасимов, ки аз руи косахонаи сари шоир сурати зохирии уро баркарор намудааст, ба хулоса омад, ки Рудаки дар синни камолот кур карда шудааст. Ва бо хамин хулосаи тадкикоти Садриддин Айниро дар бораи аз дарбор ронда шудани Рудаки собит кард. Садриддин Айни ба тадкик
Абуабдуллохи Рудаки чои кабри шоирро ёфта, муаммои рузхои охири хаёти шоир ва вафоти уро равшан сохт ва барои бехтар фахмидани эчодиёти у замина ба вучуд овард. Вале у ба кури модарзод будани Рудаки муътакид буд. Оид ба зиндагии пурфочиаи Рудаки дар охири умраш дар баъзе порчахои шеърии касбихоли (шеър дар бораи се пирохани Юсуф) ва касидаи «Шикоят аз пири» ишорахо шудаанд:
Шуд он замона, ки шеъраш хама чахон бишкуфт,
Шуд он замона, ки у шоири Хуросон буд.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вакти асову анбон буд.
Сабаби аз дарбор ронда шудани Рудаки маълум нест. Эхтимол, яке аз сабабхои ин муносибати хайрхохонаи у ба яке аз киёмхои халки зери ливои карматия бошад, ки дар Бухоро руй дода буд. Рудаки аз замонадорон беилтифоти дида бошад хам, хамдиёронаш иззату эхтироми уро ба чо меоварданд ва шоир нихоят дар байни онхо аз дунё даргузашт.
Аз мероси бузургу гаронбахои бадеии Рудаки имруз танхо абёти пароканда боки мондааст. Вале аз хамин ашъори пароканда хам бузургии шоир ба хуби эхсос мешавад. Шояд аз парокандаги ва нотамомии абёт мустахкамии композитсия, шавкатангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри у барчаста намоён набошад. Аммо гоххо як мисраъ хам бузургии шоирро ба назари мо чилвагар месозад. Мо Рудакиро аз рухи инсонпарваронаи шеъри у, аз образхои нотакрору човидони ва гардишхову хулосахои ачоиби файласуфонааш мешиносем. Хамаи шеъру китъахо ва абёти парокандаи Рудакиро аз руи мавзуи асосиашон ба се гурух таксим кардан мумкин аст: 1) порчахои ашъори ошикона, ки махсули давраи чавонии шоир, натичаи мухаббати бузургу фочиаанчоми у ба канизаке ва ё хиссиёти сузону ишкварзихои нихонии у будаанд. Дар ин кабил шеърхо тасвири манзарахои табиат, базму шаробу майгусори низ чо доранд; 2) порчахои ашъори пандуахлоки ва маснавие ки аслан дар мавзуи ахлок эчод шудаанд. Номи ду маснави ва санаи таълифи яке аз онхо маълум аст: а) «Даврони Офтоб» («Синдбоднома»); б) «Калила ва Димна» (тарчумаи манзум аз забони араби (назмаш соли 932). Ба кавли Фирдавси («Шохлома») ровиён ин достонро, ки дар забони араби будааст, назди Рудаки мехондаанд ва у ба назми дари медаровардааст. «Калила ва Димна»-ро Рудаки 12 000 байт гуфтааст. Солиёни дароз аз ин маснави танхо як байт маъ-лум буд:
Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,
Низ н-омузад зи хеч омузгор.
Солхои охир такрибан 120 байти он ба даст омад; 3) шеъру порчахои манзуми шикояти, яъсу ноумеди, баёни хасби хол, ки дар давраи пиронсолии шоир эчод шудаанд. Намунаи бехтарини ин гурух шеърхо касидаи «Шикоят аз пири» (35 байт) мебошад.
Чихати чолиби таваччухи назми Рудаки, пеш аз хама он аст, ки дар шеъри у, хох сатрхои ошикона бошанд, хох панд ва хох шикояту гилагузори, эхсоси инсон суруда шудааст; хама ашъори шоир саршор аз андеша дар сари такдири инсон аст. У яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваччух карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Агар дар адабиёти кадими форс-точик масъалаи таносуби худо ва инсон мавкеи теосентри (аввал худо) дошта бошад, дар шеъри Рудаки мо мавкеи нав, мавкеи антропосентриро (аввал инсон) мушохида мекунем. Дар шеъри Рудаки худо кариб ки нест. Рудаки инсони одилу хирадмандро сурудааст. Дар шеъри у, чунон ки дар ин байт мебинем, гохо ситоиши бузургии инсон чун эътирозе ба мукобили талкини дини ислам садо додааст:
Замона аспу ту роиз, барои хешат тоз!
Замона гую ту чавгон, барои хешат боз!
Замон ин чо ба маънои кисмат аст ва шоир талкин мекунад, ки ба амри кисмат интизор нашуда, хисоби зиндагирифтан лозим аст. Агар дар шеъри кадими эрони Адк тачассуми хиради илохию Ишк истиснои он буда бошад, дар шеъри Р. Хираду Ишки инсон мавкеи асоси гприфтааст. Рудаки ин маъниро гохо хеле далерона баён кардааст:
Эзиди мо васвасаи ошики,
Аз ту пазирад, напазирад намоз. Дар шеъри Рудаки гайр аз тасвири табиат, талкини хирад, васфи шохон, ашрофон ва пахлавонон, пеш аз хама, дар мадди назар инсони одди, фарди чамъияти карор гирифтааст. Рудаки дар мадхияхояш хам суннатхои маъмули таърифу тавсифи бардуругро вайрон кард. У хангоми васфи шодону вазирон саъй кардааст, ки ба замири дилашон рох ёбад ва онхоро ба рохи одамгари хидоят фармояд. Гуманизми Рудаки дар ашъори ахлокию ичтимоии у боз хам равшантар зохир гаштааст. Рудаки омузгори бузурги ахлок аст. Дар шеъри у ахлоки пок, охамият, инсоннарвари, адлу хирад, илму дониш ва мардиву бузурги талкин шудааст. Рудаки маънии хаёт ва мохияти рузгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашонро ба бехудаги нагузаронанд, аз пайи кореву хунаре шаванд, касеро наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари Рудаки ин чахон дарёест ва аз он танхо бо киштии некию некукори гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омузгори инсон барои Рудаки тачрибаи зиндагист. Хар кас, ки аз баду неки зиндаги ибрат гирифтааст, хама мушкилоти рузгорро ба осони бартараф карда метавонад. Аз бисёр шеърхои у бар зидди замон ва нобаробарихои ичтимои садои эътирози сахте шунида мешавад. Шоири инсонпарвар дар мудобили сарвату неъмати давлатмандон тангдастию бечорагии камбагалонро дида, ба алам мегуяд:
Басо касо, ки чавин нон хаменаёбад сер,
Басо касо, ки барра асту фархаша бар хон-ш.
Рудаки сарояндаи рузгору мехнати пурфайзи дехконон будааст, аз дар мисраъ ва байташ буи замин ва мехнати дехкон эхсос мешавад. Рудаки аз хурди ба рангу буи кухистон, наъраву тугёни дарё, чилову рангбозихои табиат ва чах-чахи булбулону навои мургони хушхон одат карда буд. Хамаи ин баъдтар дар шеъри у аксандоз гардид. Аммо равшантар аз хама дар шеъри Рудаки рузгори дехконони нексиришту пургайрат, ташвишу тараддуди онхо акс ёфтааст. Дар бисёр шеърхои Рудаки равиши кори дехкон тасвир гардидааст: аз пайи кишти бахори мавсими дараву хирман меояд, кори хирман бо хушнуди анчом меёбад, иди Мехргон фаро мерасад, мардум ба муборакбодии хосили нав раксу бозихо мекунанд, боз давраи тирамоху шудгор мешавад ва гайра. Рудаки дар кухистон кадри кор, лаззати нон ва талхию душворихои рузгорро дида буд, фаро расидани бахори шукуфон ва тирамохи пурфайаро дуст медошт, далери, мардонаги ва дилкушодии барзгарон, чупонон ва хунармандони диёри азизашро пос медошт. Баробари ин дар шеъри Рудаки мухити шахр, зиндаги ва омоли ахли он — табибон, косибон, олиму шоирон, котибон ва дигарон инъикос ёфтааст. Рудаки шоири далер, озодихох, зиндагишинос ва навовар буд. У бо як чахон эхсосу дили пурандеша ба остони пуртакаллуфи дарбор расид, аммо худашро гум накард. Мухити дарбор барои Рудаки танги мекард ва у бо хунари баландаш хисори ин мухитро рахна кард. Рудаки зери таъсири конунхои назми мадехави намонд, балки онхоро мувофики салохдиду табъи шоирии хеш ба шакли нав мураттаб сохт. Навпардозихои Рудаки дар мазмуну мундарича ва такомули жанри касида зохир гардиданд. Вай ин навъи шеъриро, ки аслан мазмуни мадхи дошт, зебу орои наве бахшид ва аз дар чихат онро гани сохт. Намунаи комили касидаи хасбихоли «Шикоят аз пири» мебошад. Аз ин касида рузгори Рудаки, ёди давраи чавони, шаъну эътиборе, ки у дар даргохи Сомоноён дошт, инчунин хорию зори ва афтодагихои айёми пирии шоир пеши назар меояд. Касида мазмуни баланди фалсафи дорад. Шоири пурдида зимни тасвири вазъи зиндагии худ аз гардиши фалак, дигаргун шудани чахон андеша мекунад. Рухи оптимистии касида хам хеле кавист. Агар аз аввалу охири он чанд байт ихтисор шавад, он гох мо ба чои нолаи пири таронаи чавони ва хуррамию шодмонихои зиндагиро мешунавем.
Ос.: Осори Рудаки, Сталинобод, 1958; Шеърхо, Д., 1974; 1000 мисраи Рудаки. 1000 строк Рудаки, Д., 1984.
Ад.: А й н и С., Устод Рудаки, Стахинобод, 1940 (бо хуруфоти лотини); хамон му а л л., Устод Рудаки. Эпоха. Жизнь, творчество, М., 1959; Мирзоев А., Абуабдулло Рудаки, Сталанобод. 1958; Рудаки ва замони у (мачмуаи маколахо), Сталанобод, 1958;
И. Брагинский.
Ҳаёт ва фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Поделиться
1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
2. Мероси адабии шоир
Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди водии Зарафшон ба дунё омадааст. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои худ Рӯдак гирифтааст. Падари Рӯдакӣ аз табақаи боимтиёз ва шахсони соибэҳтироми водии худ буда, ба тарбияи фарзандаш аҳамияти бузург додааст. У маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, аз худ истеъдоди баланде зоҳир намудааст. Рӯдакӣ чунон зираку доно будааст, ки дар синни ҳаштсолагӣ «Қуръон»- ро ба пуррагӣ ҳифз намудааст.
Устод Рӯдакиро дар таърихи илму фарҳанги адаби форсии тоҷикӣ бо номҳои сардафтари адабиёти классикӣ, асосгузори назми форсии тоҷикӣ, устоди шоирон, султони шоирон, маликушшуаро ва одамушшуаро ёд мекунанд. У шеъру шоириро низ аз ҳаштсолагӣ оғоз намудааст. Рӯдакӣ дар баробари зеҳни гирову ақли расо овози хуш ва савти дилкаше низ доштааст. У азми сафари Самарқанд мекунад ва дар мадрасаи шаҳри Самарканд таҳсили илv менамояд. Шоир дар бораи ба илми мусиқӣ шавқу рағбат доштани худ чунин ишора мекунад:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-у суруд андохт.
Рӯдакӣ соҳиби девони бузург будааст. Ба ғайр аз ин, аз шоир ба мо абёти алоҳидаи достонҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», маснавии «Даврони офтоб» ва қасидахои «Шикоят аз пирй», «Модари май» боқӣ мондааст. Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки устод Рӯдакӣ шоири пурмаҳсул будаанд. Афзунии миқдори шеърқои Рӯдакиро қайд намуда, шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ чунин мегӯяд:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри уро баршумурдам: сенздаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар, чунонки бонд, бишмарӣ.
Аз ҳамаи ин осори бузурги устод Рӯдакӣ акнун танҳо ҳазор байт боқӣ мондаасту халос. Достони «Калила ва Димна», аслан, достони ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шудааст. Баъдан, ба арабӣ баргардонида шуд. Рудакӣ достонро 33 рӯйи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашидааст. «Калила ва Димна» асари пандуахлоқӣ мебошад. «Модари май» қасидаи мадҳӣ буда, дар васфу ситоиши шоҳи Хуросон навишта шудааст. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дороӣ 34 байт буда, қасидаи шарҳиҳолӣ номида мешавад. Рӯдакӣ ин қасидаро дар рӯзҳои пириву сахтии зиндагии худ эҷод кардааст. Қасидаи «Шикоят аз пирй» лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти шоир, хусусан пастиву баландиҳои рӯзгори онро ба ёд меорад. Асари дигари шоир маснавии «Даврони офтоб» ба ҳисоб меравад, ки дар бораи ҳаракат, хосияту хусусиятҳои табиии офтоб нақлу ривоят мекунад. Мероси адабии боқимондаи устод Рудакӣ аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ иборат аст. Ашъори дигари боқимондаи Рӯдакӣ, махсусан ғазалҳои ӯ, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа бамонанди қасидаҳои ӯ рангорангу ганӣ мебошанд. Маснавиҳои шоир, асосан, қиссаву ривоятҳо, саргузаштҳои ибратомӯз, панду ахлоқи инсони нек ва афкору андешаи инсондӯстонаи ӯро фаро гирифтаанд.
Калидвожаҳо: Абуабдуллохи Рудаки, хаёт ва фаъолияти Рудаки, тарчумаи холи рудаки, иншо, сайти точики, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши,
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941)
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
(Низомии Арӯзии Самарқандӣ)
Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форсӣ аст. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то бад-он ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии пойгоҳи ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда ва вайро “султони шоирон” ва “устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд ва Шаҳиди Балхӣ суханашро “тилви нубӣ” (пайрави қуръон) хондааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро сухани тилви нубист.
Таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти навини тоҷик, ки давоми бевоситаи адабиёти қадими он аст, бо номи асосгузори он устод Рӯдакӣ вобаста мебошад. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории қофиласодори назми форс, соҳибкирони шоирӣ, устоди шоирон, султони шоирон ва одамушшуаро ёд мекунанд. Дар давоми ёздаҳ асри мавҷудияти адабиёти тоҷику форс анъанаҳои Рӯдакӣ ҳамеша зиндаву ҷовидон буданд. Имрӯз ҳам шӯҳрат, манзалат ва эҳтироми устод Рӯдакӣ оламгир аст.
Соли 858 дар яке аз деҳаҳои зебоманзари води Зарафшон Панҷрӯд, ки маркази ҷамоати Рӯдак буд, модари хушбахте писаре зод, ки номи ӯро Ҷаъфар ниҳоданд. Бо мурури замон ва гузашти айём ин кӯдак ба дараҷаи бузургтарин мардони номвари ҷаҳонӣ шинохта шуд. Номи пурраи Рӯдакӣ ва падару бобоёни ӯ чунин аст: Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Мухаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам.Ҷаъфар номи аслии ӯст, ки падару модар ба вай ин номро гузоштаанл. Абӯабдулло номи эҳтиромии ӯст. Ин гуна ном барои одамони баобрӯ, хусусан олимону шоирон баъди ба камол расидан ва шӯҳрат ёфтани онҳо гузошта мешуд. Сабаб он буд, ки мардум якнома гирифтани номи одамони соҳибэҳтиромро аз рӯи одоб намедонистанд. Муҳаммад номи падари Ҷаъфар буд, Ҳаким ва Абдураҳмону Одам бобокалонҳои Ҷаъфар буданд. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои дурдасти худ Рӯдак гирифтааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар асри X ҷамоатҳои Ворӯ, Рӯдакӣ ва Колхозчиёни имрӯзаро фаро гирифта, дар маркази худ қалъаи мирнишин, чанд мактаб ва мадрасачае дошт. Падари Рӯдакӣ, ки аз табақаи боимтиёз ва шахсони обрӯманди ноҳия буд, ба тарбияи фарзанди зақоватмандаш аҳамияти зиёд медод. Аз ин рӯ, Ҷаъфар дар зодгоҳи худ маълумоти муаяне мегирад.
Рӯдакӣ аз хурдӣ осори истеъдод зоҳир мекунад. Ӯ “чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қурьон тамоман ҳифз кард ва қироат биомӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд” (Муҳаммад Авфӣ). Аз ин хабар маълум мешавад, ки Рӯдакӣ дар бачагӣ саводи комил бароварда, ҳанӯз аз ҳаштсолагӣ шеърҳои пурмаънои аҷоибе мегуфтааст, мардум онҳоро меписандидаанд. Маҳз ҳамим писанду мақбули халқ афтодан дили Рӯдакиро ба гуфтани шеър гарм мекунад.
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Истеъдоди шоирии Рӯдакӣ низ дар ин айём камол меёбад. Шӯҳрати ӯ дар гӯшаю канорҳои кишвар паҳн мегардад. Рӯдакии суханвар ва ромишгар зиндагии серу пур ва сафобахш дошт.
Рӯдакиро даставвал ба дарбори Насри I Сомонӣ, ки солҳои 864-892 ҳокими Самарқанд буд, мекашанд. Ӯ ҳамчунин дар манзилҳои деҳқонон, яъне заминдорони давлатманд ва мулкдор ба сарояндагӣ, навозандагӣ ва шоирӣ машғул мешавад. Аммо ин вобастагии Рӯдакӣ бо он даргоҳҳо доимӣ набуд. Ӯ вақти худро бештар дар маҷлисҳо ва маҳфилҳои адабию илмӣ мегузаронд. Баъди ин Рӯдакӣ бо ташаббуси Абулфазли Балъамӣ, ки аз соли 892 то соли 938 вазир буд, ба Бухоро, ба пойтахти Сомониён даъват шуд. Рӯдакӣ дар он замоне, ки авҷи болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Зеро Сомониён дар сари ин ҳаракат истода, ба эҳёи фарҳанг ва расму одат ва муқаддасоти мардум мусоидат мекарданд. Иштироки Рӯдакӣ дар ин ҳаракат айни муддао буд.
Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907-914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914-943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад. Бинобар ҳамим худи Рӯдакӣ мегӯяд:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ.
Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.
Насри I-и Сомонӣ дӯстдор ва ташвиқкунандаи адабиёти дарӣ буд. Худаш ҳам шеър мегуфт. Насри II Рӯдакиро надим, яъне аз наздикони худ мегардонад. Рӯдакӣ бо ӯ дар бисёр сафарҳояш ҳамроҳӣ карда, Нишопур, Марв, Сарахсу Ҳирот ва бисёр шаҳрҳои дигарро дидааст.
Нуфузи Рӯдакӣ дар дарбор ниҳоят бузург буд. Дар назди шахсияти ӯ амир ва вазиронаш сари таъзим хам мекарданд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд. Инро аз гуфтаҳои худи Рӯдакӣ, шоири асри XI Унсурӣ ва Муҳаммад Авфӣ (асри XIII) фаҳмидан мумкин аст. Шӯҳрати Рӯдакӣ дар суханварӣ ба дараҷае буд, ки Абулфазлӣ Балъамӣ, ки аз сарпарастони устод Рӯдакӣ буд, гуфтааст: Дар Анаму Араб мисли Рӯдакӣ шоире нест.
Рӯдакӣ тарбиятгар ва пешвои тамоми адибони замонаш буд. Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва Фароловӣ аз ин қабил буданд.
Далелҳои зиёди таърихӣ аз таъсири фавқулоддаи ашъори Рӯдакӣ шаҳодат медиҳанд. Боре Наср ибни Аҳмад ба Ҳирот сафар кард. Ба сабаби хушии обу ҳаво ва зебоии табиати он чор сол он ҷо монд, пойтахти худ шаҳри Бухороро гуё аз ёд баровард. Вазирону сарлашкарони ӯ, ки муштоқи ёру диёр ва пазмони аёлу фарзандон буданд, майли Бухоро доштанд. Азбаски замони осоишта буд, амир аз фароғат даст намекашид. Саркардаҳо хоҳиши худро ба амир маъқул карда наметавонистанд. Онҳо аз устод Рӯдакӣ мадад ҷустанд, ки чорагарӣ кунад. Рӯдакӣ ба доди онҳо расид. Вай дар васфи Бухоро қасидае навишта, бо самимият, ташбеҳу муболиға шеъри гӯшнавозе эҷод кард. Пагоҳонӣ, вақте ки амир хумори шабонаро мебаровард,он суруди пур аз нишоту шодмониро бо чанг дар пардаи Ушшоқ capoид:
Бӯи ҷуй Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои он
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!
Шоҳ сӯят меҳмон ояд ҳаме.
Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон.
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме!
Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон.
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме!
Аз таъсири шеъри олӣ, овози хуш ва нолаи ҷонбахши чанги Рӯдакӣ Наср чунон мафтун гардид, ки мӯзаро напӯшида савори асп шуд ва бо дарбориёну лашкариёни худ роҳи Бухороро пеш гирифт. Рӯдакӣ низ бо ғуломон ва амволи зиёди худ, ки аз чаҳорсад шутур ва дусад ғулом иборат буд, ба Бухоро баргашт.
Ба ҳамин минвол замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хосса гурӯҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шӯҳрати тамом ёфта буд. Ин шӯҳрат ва нуфузи шоир хусусан дар замони калонсолӣ ва пирии ӯ афзун гардид. Дар бораи пирӣ ва нотавонии худ Рӯдакӣ аз ҷумла дар қасидаи Модари май ишораҳо дорад. Вале ранҷу азобҳои Рӯдакӣ дар ин айем бо кулфатҳои табиии пирӣ маҳдуд намешуд. Зеро хонадони сомонӣ дар аввали ҳукмронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 cap карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Аҳмад (914- 943) таассуб ва хурофоти мазҳабӣ хеле боло рафт. Бисёр одамони равшанфикро бо тӯҳмати карматӣ будан ба ҷазоҳо гирифтор карда мешуданд.
Қарматиҳо кӣ буданд? Карматиҳо гурӯҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинҳо ва аҳли ҳунар, хусусан, онҳоеро, ки аз мазҳаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифаҳои аббосӣ, ки худро ҳокими ҳамаи мусулмонҳо мешумориданд, норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Дар замони Сомониҳо он ҳамчун ҳаракати халқӣ моҳияти зиддифеодалӣ дошта, бо баъзе хусусиятҳои озодихоҳӣ ва демократиаш эътибор пайдо карда буд. Таъсиру нуфузи он ба дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни Аҳмад ҳам ба онҳо таваҷҷӯҳ дошт. Маънои кармат кӯтоҳқад аст. Сабаби чунин ном гирифтани ин ҷараён дар он аст, ки асосгузори он Ҳамдон ибни Ашъас қад ва пойҳои кӯтоҳ дошт. Аммо мухолифати рӯҳониён ва сарлашкарони сомонӣ бо карматиҳо дар он буд, ки карматиҳо хавфи таназзули давлати сомонӣ ва ҳуҷуми бодиянишинҳоро пай бурда, мехостанд, ки рӯҳи нажодиро дар байни халқ пурқувват намоянд. Онҳо аз сарлашкарони туркнажоди мамлакати худ низ бим доштанд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, аҳли хирад тадбир меҷуст. Таълимоти қарматӣ, ки бузургии нажоди эрониро нисбат ба арабу турк таблиғ мекард, чун мафкура такягоҳи хубе буд. Равшанфикрони он замон инро фаҳмида, ба он пайравӣ мекарданд. Аммо рӯҳониёни ислом ва дарбориёни иртиҷоӣ нуфузи рӯзафзуни ин мафкура ва бар зарари худ будани онро дарк намуда, ҳама мухолифони худро қарматӣ меномиданд, онҳоро ба бединӣ, бадмазҳабӣ айбдор мекарданд. Лашкариён бошанд, онҳоро мекӯфтанду ғорат мекарданд. Аз ҷумла соли 938 Абулфазли Балъамӣ бо хамин “гуноҳ” аз вазирӣ фуроварда шуд. Балъамӣ дар моҳи ноябри соли 940 вафот кард. Ин воқеа ба тақдири Рӯдакӣ, ки аз наздикони Балъамӣ буд, бетаъсир намонд.
Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷӯи марказгурез ва ривоҷи хурофоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
Басе нишастам ман бо акобиру аъён.
Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз қабеҳтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лӯлачаи оханини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкуравӣ хавфноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
Рӯдакии пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Ҳамдиёрон ӯро дар оғӯши навозиш ва ғамхорӣ гирифтанд.
Баъди бозгашт ба зодгох Рӯдакӣ зиндагии пурҷӯшу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда,мулоҳиза меронд, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт. Шоири ранҷур навишта буд:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,
Чунон ки ҷоҳи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон,
Маро нагӯй, ки аз чӣ шудаст шодӣ сук?
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷрӯд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани олӣ мебошад.
Зиндагиномаи Абуабдуллохи Рудаки (858-941 – биография)
Дар ин мақола зиндагиномаи устоди бузур Абуабдуллохи Рудаки оварда мешавад.
Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки пояҳои адабиёти асили тоҷикро ба забони форсии дарӣ дар асри Х гузошта буд, шахсияти фавқулодае буд. Вай дар ҳаштсолагиаш ба гуфтани шеър оғоз намуда, овози хуш ва дилкаше доштааст ва халқ ба ӯ рағбати зиёд кардаанд. Шуҳрати шеър ва овози хуши Рӯдакӣ аз зодгоҳаш Панҷрӯд (воқеъ дар ноҳияи кунунии Панҷакенти вилояти Суғд) то ба Самарқанд ва Бухоро, ба дарбори Сомониён мерасад. Ӯ дар дарбори Сомониён, бино ба гуфтааш, бузургию неъмат меёбад:
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Рӯдакӣ худро ҳазордастони (булбули) сурудхон, муниси родмардон, пешкори пирон, шоири Хуросон номида, бо он фахр намудааст, ки девони шеърашро ҳама ҷаҳон шунид ва амиру авлиё ва деҳқонони (заминдорони) номвар ба ивазаш инъомҳои зиёде бахшиданд. Шоир аз он замонҳои хуш, ки бузургию неъмат ёфта буд, дертар дар вақти пириаш бо ифтихор ва ҳам аламу ҳасрат дар қасидаи ҳолияаш ёд овардааст.
Яке аз шоирони ҳамасри Рӯдакӣ бо номи Абӯзироаи Гургонӣ аз рӯйи рашку ҳасад ба бузургию неъмати ӯ дар дарбори Сомониён гуфтааст, ки агар ба давлат бо Рӯдакӣ ҳамсон нест, суханро кам аз вай намедонад. Ин шоири ҳасуд ва нотавонбин таъна ба кӯрии чашми Рӯдакӣ намуда, нозидааст, ки аз баҳри гетӣ (дунё, моли дунё) кӯр будан наметавонад. Ба гумони хатои вай, агар мулук аз ҳазор як ҳиссаи он чиро, ки ба Рӯдакӣ ато кардаанд, ба ӯ диҳанд, суханро (шеърро) ҳазор чандон мегуфт:
Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,
Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.
Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.
Ҳазор як з–он к–ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.
Дар бораи кӯр ё тирачашми модарзод будан ва ё дар поёни умр кӯр кардани ӯ баҳси зиёде ҳаст. Баъзеҳо бовар бар он доранд, ки Рӯдакӣ ба мисли шоирон Абӯлъало ал-Мааррӣ (дар 4-солагӣ), Башшор ибни Бурд, Зарири Бухороӣ, Шӯридаи Шерозӣ (дар 7-солагӣ) ва Ҳомер кӯри модарзод буд. Мавҷуд будани тасвирҳои зинда ва айнӣ дар шеърҳои шоир нишонаи таъсири суннатҳои мавҷудаи шеъру шоирӣ ва натиҷаи равшанбинии тирачашмон мебошад. Гурӯҳи дигар гумон мекунанд, ки чашмони Рӯдакӣ дертар дар поёни умраш ба сабабе кӯр карда шудаанд. Тахмин меравад, ки ин кор баъди аз дарбор рафтани вазири номии Сомониён ва дӯсти наздики шоир – Абулфазли Балъамӣ дар соли 937 сурат гирифта бошад. Аммо худи шоир дар ҳеч яке аз шеърҳои маълумаш, аз он ҷумла дар қасидаи ҳолияаш дар бораи нобиноии худ ишорае надорад. Баръакс дар ин қасида, ки як навъ зиндагиномаи шоиронаи ӯ мебошад, байте дорад, ки аз ҳамеша чашм дӯхтанаш ба “зулфакони чобук” гувоҳӣ медиҳад:
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Аз шеърҳои Рӯдакӣ бармеояд, ки ӯ ба даврони пирӣ расида ва мусибати пириро дида будааст. Ӯ ду байти зебое дорад ва дар он шаҳодат медиҳад, ки дар пирӣ мӯяшро сафед карда будааст. Шоир аз ҳамин як ҳодисаи маъмули зиндагӣ, яъне сиёҳ кардани мӯй, ки аслан барои ҷавон шудан будааст, шеъре сохтааст, ки пур аз ҳасрати хушиҳои ҷавонӣ ва мусибати пирист.
Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
Рӯдакӣ дар шеъраш бо дарду алам ва ҳасрати зиёд аз саросар судану рехтани дандонҳояш, ки мисли чароғи тобон, ситораи саҳарӣ, дурру марҷон ва қатраи борон буданд, низ хабар додааст.
Чунин ба назар мерасад, ки дар пирӣ шоир илова бар мусибати пирӣ – сафедии мӯй, фурӯ рехтани дандонҳо, нотавонии ҷисмонию барҷомондагӣ бар асари мусибати сахти замона танҳоию бечорагӣ ва бечизию бекасӣ кашида будааст.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо бисёр, ки вақти асову анбон буд.
Ин чӣ мусибате буд, ки дар пирӣ ба сари шоири бузург омадааст, ба дурустӣ маълум нест. Вале равшан аст, ки ӯ аз он ки замоне дар дарбор буду атоҳои зиёде меёфт, оқибат пушаймон шудааст.
Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биёзмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно, магар ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ.
Марги Рӯдакии шоир барои аҳли адаби замонааш ва асрҳои баъдӣ андуҳи фавқулода бузурге буд. Онҳо хеле хуб фаҳмида буданд, ки марг шоиреро рабуд, ки ҷовидона чун ӯ дигар нахоҳад буд ва чун ӯ пайдо нахоҳад шуд. Ин маънӣ дар марсияи яке аз ҳамасрони шоир баён гардидааст.
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Май бирезад, нарезад аз вай бӯй.
Шоират ку? Кунун, ки шоир рафт,
На бувад низ ҷовидона чун ӯй.
Хун бигашт оби чашмам аз ғами вай,
З–андуҳаш мум гашт оҳану рӯй.
Нолаи ман нигар, шигифт мадор,
Шав, бишав, зор–зор нол ба ӯй!
Чанд ҷӯйӣ, чун ӯ наёбӣ боз,
Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй.
Ҳамон тавре ки дар ин марсия низ ишорае рафтааст, агарчи Рӯдакӣ рафт, аз ӯ ҳикмати вай, шеъри анҷуманафрӯзаш боқӣ монданд ва маҳз онҳо, ба гуфтаи Абдурраҳмони Ҷомӣ, шоири асри XV, номи ӯро зинда медоранд:
Рӯдакӣ он ки дур ҳамесуфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ…
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунин номи Оли Сомонро –
Неккорону некномонро
Зинда аз назми хеш медорад
В-аз паси парда пеш меорад.